Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор карда шуд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки давоми чанд…
26.05.2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям.
Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад.
Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару…
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии…
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба…
26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд.
Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси…
26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид.
Президенти кишвар…
25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.
Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои…
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об…
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи…
25.05.2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони гиромӣ!
Дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯям.
Бо дарназардошти маҳбубият ва оммавияти худ, футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш,…
Аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мегардад. Он дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор шуда, намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, марказҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои баррасии масъалаҳои калидии…
Интизор меравад, ки беш аз 300 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 100 рӯзноманигори байналмилалӣ Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе–пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, инъикос намоянд.
Дар назар аст, ки конфронс аз ҷониби…
