19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани…
Агротуризм яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба сайёҳон имкон медиҳад, ки на танҳо аз табиат ва манзараҳои дилфиреби маҳалҳо баҳра баранд, балки бо зиндагии деҳот, соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва анъанаҳои миллӣ аз наздик шинос шаванд. Имрӯз бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон агротуризмро ҳамчун воситаи муассири рушди иқтисоди деҳот, таъсиси…
Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат таҳти унвони «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид.
Ҳамоиш дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва рушди…
Тоҷикистон бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои дилфиреби кӯҳистонаш аз ҷумлаи кишварҳои ҷолиби сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар миёни ин ҳама зебоиҳои табиӣ, кӯли Аловиддин дар ноҳияи Айнӣ ҳамчун яке аз мавзеъҳои мафтункунандаи қаторкӯҳҳои Фон таваҷҷуҳи дӯстдорони табиат ва саёҳатро ба худ ҷалб менамояд.
Ин гӯшаи афсонавии кӯҳистон бо обҳои мусаффо, ҳавои соф…
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонони фаъол ва дӯстдорони варзиш баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар…
Таҳкими оила ва ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро оилаи солим омили асосии суботи ҷомеа, пешрафти давлат ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ таваҷҷуҳи…
Дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқон, кормандони осорхонаҳо, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзу муаррифии мероси таърихиву фарҳангии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз…
Дар шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳи даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Озмуни мазкур, ки ҳамасола сафи дӯстдорони китобу адабро афзоиш медиҳад, барои кашфу муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Чорабинӣ дар фазои фарҳангиву маърифатӣ баргузор…
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон даҳҳо иншооти соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани иншооти нав, садҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд.
Шаҳри Гулистон, ки дар соҳили “Баҳри тоҷик”…
Аз 11 то 14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин бо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя, як гуруҳ намояндагони воломақоми Чин мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро…
Дар доираи Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» барномаи фарҳангиву маърифатӣ идома ёфта, меҳмонон ва донишмандон аз кишварҳои гуногун аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон боздид намуданд.
Иштирокчиён нахуст аз мавзеи бостоншиносии Кулдара дар ноҳияи Ховалинг дидан карданд, ки яке аз қадимтарин қароргоҳҳои инсонӣ…
Ҳунармандӣ барои зан на танҳо василаи рӯзгор, балки мояи ифтихор, мустақилият ва муаррифии фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Гулбону Наврӯзова, сокини деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз зумраи занони ҳунарманде мебошад, ки бо меҳнати ҳалол ва маҳорати баланд ҳунари қадимаи атласу адрасбофиро идома дода, дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Гулбону Наврӯзова солҳои…
