Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода таъкид намуд, ки тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, захираҳои обӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ расонида, барои Тоҷикистон, ки беш аз 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ин масъала аҳамияти махсус дорад.
Дар конфронс масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, такмили низомҳои мониторинг ва пешгӯии обуҳаво, истифодаи устувори захираҳои об ва густариши ҳамкории байналмилалии илмӣ баррасӣ шуданд.
Иштирокдорони конфронс таъкид карданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти иқлимӣ аҳамияти муҳим доранд.

