Skip to content Skip to footer

Дар бораи мо

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таҳти № 271” таъсис ёфта, 1 апрели соли 2022 пахши расмии барномаҳои телевизион ба эфир оғоз гардид.

            Нишонии Муаасиса: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ — 259. 

Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз дастгоҳи марказӣ, ҳайати эҷодию техникӣ иборат аз 5 раёсат, 9 шуъба, 6 бахш, инчунин Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ иборат аст.

            Бояд зикр кард, ки телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади истифодаи иқтидорҳои воқеии шаҳру деҳоти мамлакат ва рушди онҳо, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муаррифии табиати зебоманзари кишвар, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, инчунин эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ бо пешниҳоди раҳбарияти олии мамлакат таъсис ёфтааст. Мувофиқи Оиннома кормандони телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои марбута, таҳияи барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, инчунин чорабиниҳои дигаре, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд, ташкили барномаҳои телевизионӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи хизматрасониҳо, таҳияи видоероликҳои гуногуни муаррифгари кишвари дорои мавзеъҳои сайёҳию маконҳои таърихӣ, мардумони ҳунарманду ташаббускор машғул мебошанд.

Аз санаи 1 сентябри соли 2022 намоишҳои телевизиони “Cайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тариқи моҳвора пахш мегарданд.

Директори Муассиса  — Амирзода Дилафрӯз Субҳон

 Мушаххасоти техникии шабака:

Моҳвора:  AL YAH 1A 52.5° E

Басомад:  11785 МҲс

Поляризатсия:  уфуқӣ (Н)

Суръати символӣ:  27500 Мсим/с

FEC:  3/4

Модулятсия:  8PSK

Моҳвора:  NSS12 57°E

Басомад:  11054 МҲс

Поляризатсия:   уфуқӣ (Н)

Суръати символӣ: 30000 Мсим/с

FEC:  3/4

Модулятсия:  QPSKзикр кард, ки телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади истифодаи иқтидорҳои воқеии деҳот ва рушди он, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муаррифии табиати зебоманзари кишвар, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, инчунин эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ бо пешниҳоди раҳбарияти олии мамлакат таъсис ёфтааст. Мувофиқи Оиннома кормандони телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои марбута, таҳияи барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, инчунин чорабиниҳои дигаре, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд, ташкили барномаҳои телевизионӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи хизматрасониҳо, таҳияи видоероликҳои гуногуни муаррифгари кишвари дорои мавзеъҳои сайёҳию маконҳои таърихӣ, мардумони ҳунарманду ташаббускор машғул мебошанд.

Аз санаи 1 сентябри соли 2022 пахш гардидани намоишҳои телевизиони “Cайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тариқи моҳвора пахш мегардад.

Директори Муассиса  — Амирзода Дилафрӯз Субҳон

 Мушаххасоти техникии шабака:

Моҳвора:  AL YAH 1A 52.5° E

Басомад:  11785 МҲс

Поляризатсия:  уфуқӣ (Н)

Суръати символӣ:  27500 Мсим/с

FEC:  3/4

Модулятсия:  8PSK

Моҳвора:  NSS12 57°E

Басомад:  11054 МҲс

Поляризатсия:   уфуқӣ (Н)

Суръати символӣ: 30000 Мсим/с

FEC:  3/4

Модулятсия:  QPSK