Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

«Беҳтарин усто ва шогирд»: ғолибони фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ дар Душанбе қадрдонӣ шуданд

Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор гардида, ғолибони даври дуюми озмун аз шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ба ҳам овард. Чорабинӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Ирам»-и пойтахт баргузор шуда, муҳити онро маҳсули дасти ҳунармандони соҳибзавқу соҳибмаҳорат оро медод. Дар доираи фестивал беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти косибӣ…

Read More

Ҳулбуки бостонӣ меҳвари таваҷҷуҳи аҳли илм: идомаи Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» дар ноҳияи Восеъ

Дар доираи Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» иштирокдорон ба ноҳияи Восеъ сафар намуда, аз маҷмааи таърихии Ҳулбук боздид ба амал оварданд. Идомаи барномаи илмӣ ва фарҳангии симпозиум дар ноҳияи Восеъ сурат гирифта, иштирокдорон, ки аз доираҳои илмӣ, фарҳангӣ ва пажӯҳишии дохилу хориҷи кишвар гирди ҳам…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд

13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Чонгчин ташриф оварданд. Нахуст боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр аз корхонаи саноатии Серес оғоз ёфт. Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти…

Read More

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва…

Read More

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди…

Read More

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ,…

Read More

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин

12.05.2026, Чин Муҳтарам Ректори Донишгоҳи Пекин, Муҳтарам Раиси Шурои Донишгоҳ, Дӯстони гиромӣ! Унвони профессори ифтихории яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Чин барои ман шарафи бузург аст. Ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ, ки ин унвони баландро барои инҷониб муносиб донистаанд, сипоси амиқи худро иброз менамоям. Донишгоҳи Пекин, ки бо номи «Бейда» маъруф аст, дар тӯли таърихи…

Read More

Сарфарозгардонии Пешвои миллат бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо роҳбарият ва донишҷӯёни донишгоҳ

12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани…

Read More

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан МУЛОҚОТ НАМУДАНД

12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта…

Read More

Маросими гулгузорӣ дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин

12 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги ғанию бостонии мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Чин дар шаҳри Пекин дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро пос доштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии…

Read More

Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии ин кишвари дӯст ҷаноби Ли Сян мулоқот намуданд.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”. Тавре зикр гардид, соли 2025 ҳаҷми…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд

Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро «яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ» номида, таъкид доштанд: «Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ…

Read More