Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» — заминаи рушди мутахассисони ҷавон

Дар шаҳри Душанбе даври дуюми фестивали ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, омӯзгорон, устоҳои касбӣ ва ҷавонону наврасон баргузор гардид. Зимни баргузории фестивал таъкид карда шуд, ки рушди таҳсилоти касбӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба…

Read More

Тақвияти худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанг — меҳвари сиёсати созандаи давлат

Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар кишвар барои рушди соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам гардида, инфрасохтори соҳаҳо таҷдиду бозсозӣ мешавад. Ҳамзамон, анъанаҳои миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ ва ҳаёти фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат дубора эҳё гардида истодаанд. Соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии…

Read More

Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» — таҷассуми зебоии фарҳанги миллӣ

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор гардид. Фестивал-озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат ва намояндагони як қатор вазорату…

Read More

Касбомӯзӣ — заминаи рушди иқтисод ва шуғли устувор

Фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиш ва азбаркунии касбу ҳунар яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиёти муосир ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт муассисаҳои таълимии касбию техникӣ ва марказҳои омӯзишии назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир доранд. Имрӯз дар бозори меҳнат бештар…

Read More

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДЗОДА НОСИР ОЗОД БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАҲОИ АЛОҚА

Муҳтарам кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа! Боиси хушҳолист, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2024 инҷониб дар мамлакат 7-уми май ҳамчун “Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаҳои алоқа” таҷлил мегардад. Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи шумо кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибат…

Read More

Телевизион ва радио дар Тоҷикистон — омили муҳими рушди фазои иттилоотӣ

Имрӯз радио ва телевизион ҳамчун воситаҳои муҳими иттилоърасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус доранд. Ин соҳа ҳамқадами рушди давлатдорӣ рушд намуда, ба як низоми мукаммали давлатӣ ва хусусӣ табдил ёфтааст. Дар адабиёти муосир воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио, ҳамчун “шохаи чоруми ҳокимият” низ ном бурда мешаванд, зеро онҳо дар ташаккули афкори ҷомеа…

Read More

Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба татбиқи чорабиниҳои «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ» баргузор гардид

  Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 оид ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷаласаи якуми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии иҷрои нақшаи чорабиниҳо баргузор гардид. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва…

Read More

байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

 Аз 30 апрел то 2 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкек ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026 (BITF 2026)» иштирок намуда, гӯшаи миллии мамлакатро муаррифӣ карданд Дар ин намоишгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ширкатҳои пешсафи соҳаи сайёҳӣ намояндагӣ карданд. Дар доираи намоишгоҳ иқтидори сайёҳии мамлакат, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосир ва…

Read More

ТАҶЛИЛи 115-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки шоирону нависандагон, устодону шогирдон ва наздикону пайвандони устод маҳфили гиромидошт баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардида, сурудҳо дар васфи устод Мирзо Турсунзода иҷро шуданд, ки ба маҳфил шукуҳу ҳусни тоза бахшиданд. Чорабинӣ дар фазои самимӣ…

Read More

«Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио»

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва рушди телевизиону радио» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони соҳаи…

Read More

Тақвияти ҳунаромӯзӣ ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди ҳунаромӯзӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар се моҳи аввали соли 2026 Раёсати агентӣ 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор намуда, 117 нафарро бо ҷойи…

Read More

Баррасии масъалаи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони федератсия, намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар масъулон иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки барои иҷрои қарори мазкур андешидани тамоми…

Read More