Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол бештар мегардад. Гузориши нави байналмилалии Travel Insights 2026: Focus on Europe, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи Amadeus дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид омода ва нашр шудааст, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши таваҷҷуҳи ҷустуҷӯии сайёҳон дар ҳамаи самтҳои мавриди омӯзиш пешсаф шудааст.
Тибқи маълумоти ин гузориш, шумораи ҷустуҷӯҳои марбут ба сафар ба кишвар нисбат ба давраи қаблӣ 64 дарсад зиёд гардидааст.Ин натиҷа бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон имрӯз тадриҷан мавқеи худро дар бозори байналмилалии сайёҳӣ мустаҳкам намуда, таваҷҷуҳи шумораи бештари сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Ба андешаи таҳлилгарони ширкати Amadeus, имрӯз сайёҳон дигар танҳо ба самтҳои маъмулии ҷаҳон қонеъ намешаванд. Онҳо кишварҳоеро интихоб мекунанд, ки табиати нотакрор, фарҳанги қадима, зиндагии аслӣ ва таҷрибаи нави сафарро пешниҳод мекунанд.
Маҳз чунин имкониятҳо Тоҷикистонро ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил додаанд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки сухан дар бораи афзоиши шумораи ҷустуҷӯҳои интернетӣ меравад, яъне одамон ҳангоми банақшагирии сафар бештар дар бораи Тоҷикистон маълумот меҷӯянд. Тамоюли мазкур дар шароите ба қайд гирифта шудааст, ки бозори ҷаҳонии сайёҳӣ баъди солҳои душвор дубора рушд мекунад.
Маврид ба таъкид аст, ки шумораи зиёди сайёҳон имрӯз сафарҳои худро пешакӣ тарҳрезӣ намуда, барои интихоби самтҳои нав вақти бештар сарф мекунанд.Маҳз ҳамин раванд барои кишварҳое чун Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам овардааст. Тоҷикистон бо кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои нодир, кӯлҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардум метавонад ба талаботи сайёҳони муосир пурра ҷавобгӯ бошад.
Имрӯз меҳмонони хориҷӣ бештар ба сайёҳии кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ, тамошои табиати нодир ва шиносоӣ бо мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Маҳз ҳамин бахшҳо солҳои охир яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ маҳсуб меёбанд.
Оморҳо низ ин тамоюлро тасдиқ мекунанд. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 Тоҷикистонро зиёда аз 889 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 дарсад бештар мебошад.
Коршиносони байналмилалӣ бар он назаранд, ки афзоиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ бояд ба натиҷаҳои воқеӣ табдил дода шавад. Барои ин зарур аст, ки имкониятҳои сайёҳии кишвар дар бозорҳои хориҷӣ фаъолона муаррифӣ гардида, масирҳои нави сайёҳӣ таҳия шаванд, сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гардад ва омодасозии роҳбаладону мутахассисони соҳа тақвият ёбад.
Имрӯз Тоҷикистон дорои тамоми имкониятҳоест, ки худро ҳамчун яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии табиӣ, фарҳангӣ ва саёҳати фаъол муаррифӣ намояд. Афзоиши 64-дарсадии таваҷҷуҳи ҷустуҷӯии сайёҳони хориҷӣ далели равшани он аст, ки номи Тоҷикистон ҳарчи бештар дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ садо медиҳад.

