Skip to content Skip to footer

6 июл – Рӯзи ҷаҳонии рушди деҳот: саҳми деҳот дар рушди устувор ва пешрафти сайёҳӣ

Ҳамасола 6 июл дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии рушди деҳот таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба нақши деҳот дар таъмини рушди устувор, амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ эълон шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди деҳот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат бо маром идома доранд. Бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти муҳими ҷамъиятӣ барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, рушди сайёҳии деҳот ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ аҳамияти бештар пайдо карда, истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишвар метавонад ба ҷалби сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани даромади аҳолии деҳот мусоидат намояд.