Ҳамасола 10-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ин сана арҷгузорӣ ба заҳмати варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа буда, ҳамзамон аҳамияти варзишро дар тарбияи насли солим ва рушди сайёҳии варзишӣ бозгӯ мекунад.
Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланд, кӯлҳои зебо ва табиати нотакрор барои рушди сайёҳии варзишӣ имкониятҳои васеъ дорад. Кӯҳнавардӣ, кӯҳгардӣ, сайёҳии пиёдагардӣ, велосипедронӣ, рафтинг ва дигар намудҳои сайёҳии фаъол метавонанд барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии захираҳои табиии кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Баргузории чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ низ метавонад ба рушди инфрасохтор, фаъол гардидани иқтисоди маҳаллӣ ва зиёд шудани ҷараёни сайёҳон мусоидат намояд. Ҳамзамон, ҷалби ҷавонон ба варзиши кӯҳӣ ва сайёҳии фаъол барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, рӯҳияи ҷасорату тобоварӣ ва истифодаи самараноки вақти холӣ аҳамияти муҳим дорад.
Имрӯз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мояи ифтихори миллат буда, дар баробари ин, рушди сайёҳии варзишӣ метавонад имкониятҳои табиии Тоҷикистонро боз ҳам бештар муаррифӣ намояд.

