Skip to content Skip to footer

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи бокс дар масоҳати 2,15 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна бо 7000 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар паҳлуи маҷмаа меҳмонхонаи муҳташами 5-ситорадор бунёд гардида, дорои 340 ҳуҷараҳои барҳавои люкс ва стандарт хоҳад буд.