Skip to content Skip to footer

«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд

 Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин нукта 20 август зимни боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ баён гардид.

Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат мебошад. Паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тибқи нақша ҷараён дошта, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад. Бунёди Неругоҳи «Роғун», ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳои экологӣ, техникӣ ва бехатарӣ аст, барои миллати тоҷик ҳамчун иншооти дорои аҳамияти стратегӣ муҳим мебошад. Ҳоло кор дар минтақаи сарбанди неругоҳ ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он ҷалб мегарданд. Ин неругоҳ, ки имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва иродаи шикастнопазир сохта мешавад, барои садсолаҳо ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ гардидааст.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба силсилаи иншооти энергетикии Вахш дохил гардида, дар километри 110-уми самти шарқи шарҳи Душанбе воқеъ аст. Неругоҳ аз 6 агрегати ҳар кадом бо иқтидори 600 МВт иборат мебошад. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо барқ пурра қонеъ шуда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такон бахшида шавад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 17 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол намояд. «Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун давлати содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад давлатҳои минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори неругоҳ ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об истифода мешавад.

Бо пурра ба истифода додани тамоми агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад, таъмин карда мешавад. Ин бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ аст. Инчунин дар ҳолати бо иқтидори пурра ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» якчанд масъалаҳо ҳал мешаванд, аз ҷумла норасоии неруи барқ ​​дар мавсими тирамоҳу зимистон пурра пӯшонида шуда, имконияти содиротии низоми энергетикии Тоҷикистон низ меафзояд. Муҳлати истифодаи тамоми маҷмааҳои гидроэнергетикии силсилакӯҳи Вахш низ дароз гардида, барои танзими силсиланеругоҳҳои обӣ имконияти техникӣ пайдо мешавад. Ин кори низоми энергетикиро тақвият бахшида, тавлиди неруи барқро дар истгоҳҳои поёноб зиёд менамояд.

Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро қонеъ намуда, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, азхуд намудани заминҳои бекорхобида ва рушди соҳаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳӣ мусоидат намуда, ҳазорҳо ҷойи кор фароҳам меорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ саъю талош менамоянд. Ин аст, ки сохтмони «Роғун» таҳти назорати Пешвои миллат қарор дошта, борҳо зимни сафарашон ба неругоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим шинос гардидаанд. Моҳи сентябри соли 2005 Пешвои миллат дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ иштирок намуда, гуфта буданд, ки «сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад». Имрӯзҳо сохтмони неругоҳи «Роғун» босуръат идома дорад, ки бозгӯи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари давлат мебошад.

Дар маҷмуъ, Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз тарҳҳои нодири гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат имконияти мусоид пайдо мешавад. Он ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ–аграрӣ ва истеҳсоли неруи «сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи «CASA–1000» ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он метавонад дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад.

Имрӯзҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 20 ҳазор коргарону муҳандисон ва 4000 теникаю механизм фаъолият доранд. Ин бозгӯи ба хотири рушди ояндаи Тоҷикистон ба майдони воқеии нангу номус ва арсаи фидокории мардуми тоҷик табдил гардидани ин иншооти бузурги стратегӣ мебошад.

Leave a comment