Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии байналмилалӣ

Дар доираи муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии байналмилалӣ, гурӯҳи эҷодии барномаи маъруфи телевизионии «По секрету всему свету»-и шабакаи телевизионии «Русия-1» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, сабти навбатии барномаи худро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии ватанӣ «АмирТур» аз шаҳри Душанбе оғоз намуданд. Барномаи мазкур яке аз…

Read More

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. семинари минтақавии парлумонҳои Авруосиё оид ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор баргузор гардид

Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва Рӯзномаи ҷаҳонии об дар шаҳри Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути чораҳои парламентӣ» баргузор гардид. Семинар бо ташаббуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ доир шуда, намояндагони парлумонҳои…

Read More

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд

Дар доираи омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дар партави ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳо оид ба захираҳои об ва пешбурди…

Read More

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ оид ба поси хотири Қаҳрамонони миллӣ баргузор гардид

Таҳти унвони «Поси хотири Қаҳрамонони миллӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон дар партави сиёсати Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки омӯзгорон, олимону донишмандон ва донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ филми мустанад доир ба рӯзгор, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур…

Read More

Дар деҳаи этнографии Зевси ноҳияи Дарвоз хонаи қадимаи мардуми кӯҳистон бунёд гардид

Бо мақсади эҳё ва ҳифзи таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар деҳаи этнографии Зевси ноҳияи Дарвоз хонаи қадимаи мардуми минтақа бунёд гардидааст. Ин иқдоми фарҳангӣ ба хотири муаррифии урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва тарзи зиндагии гузаштагони мардуми кӯҳистон амалӣ гардида, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Хонаи мазкур бо истифода аз усулҳои…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд

20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шуд. «Мо рушди минбаъдаи шарикии худро бо САҲА муҳим мешуморем», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.…

Read More

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст

Тибқи анъанаи муқарраршуда, дар рӯзи охирини чорабинӣ барои иштирокчиён – меҳмони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сайругашт дар шаҳри Душанбе, дараҳои Ромиту Сиёма, Пойгоҳи варзишии лижаронии «Сафеддара», Қалъаи Ҳисор ташкил гардида, инчунин онҳо бо фаъолияти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» шинос мегарданд. Тавре ба…

Read More

таҷлилИ Рӯзи ҷаҳонии футбол Дар қароргоҳи СММ

Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия ва дар ҳамкорӣ бо дигар ҳайатҳо Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда шуд. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ифтитоҳи чорабинӣ доир ба қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ва аҳамияти ҷаҳонии Қатъномаи 78/281, ки соли 2024 бо ибтикори…

Read More

Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст

Тавре иттилоъ додем, 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба хизматҳои фарзандони диловари Ватан Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ бозгӯи…

Read More

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чанд самти калидӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, мудирияти устувори захираҳои об, таъмин намудани дастрасии бехатар ба об ва санитария, таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба амнияти об, энергетика, кишоварзӣ ва хатарҳои селу ярч, аз ҷумла…

Read More

Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид

Дар шаҳри Абузабӣ бо ташаббуси муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Тавре ба аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи…

Read More

Ню Йорк: бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр зери унвони «Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: Тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори ҳайатҳои Тоҷикистон…

Read More