Skip to content Skip to footer

“CHAKAN HOUSE”: Ифтитоҳи маркази дӯзандагӣ дар Данғара

Дар арафаи истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯзандагии “Chakan House” ифтитоҳ гардид.

Мақсади асосии фаъолияти маркази дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин намудани занони ҳунарманди хонашин буда, айни замон 40 нафар зан дар он ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва устувории иқтисодии оилаҳо таъсир мусбат хоҳад расонд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Таъсиси ин маркази рушди ҳунармандӣ, бахусус барои бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам меорад.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳим барои муаррифии миллат, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон аст. Тоҷикон аз давраҳои бостон ҳунарҳои зиёдеро доро буданд ва хушбахтона, ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расидаанд.

Leave a comment