Skip to content Skip to footer

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд

22-23 август бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 22 август дар Боғи кӯдакон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои  Ишкошиму Мурғоб, дар «Боғи Ирам» рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа баргузор мешаванд.

23 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Cокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд  дар ин рӯзҳои  бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои  гуногуни мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 6 июн оғоз гардида,  то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Leave a comment