Skip to content Skip to footer

Дар Қубодиён 152 иншоот ба истифода дода шуд: омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлол вусъат мегиранд

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дошта, татбиқи даҳҳо лоиҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ бунёду навсозии 171 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 152 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст. Роҳбарияти ноҳия ҷараёни корҳои ободониву созандагиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои сари вақт ба анҷом расонидани иншооти боқимонда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин давра оғози сохтмони нахустин маҷмааи хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Қубодиён мебошад. Ин маҷмаа аз ҷониби ҶДММ «Рушди истиқлол 2015» бунёд гардида, дар оянда ба симои меъмории маркази ноҳия ҳусни тоза бахшида, барои даҳҳо оила шароити муносиби зист фароҳам хоҳад овард. Коршиносон чунин иқдомро нишонаи рушди шаҳрсозӣ ва баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мекунанд.

Айни замон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ҷамоатҳои шаҳраки Қубодиён, деҳоти Носири Хусрав, Чорбоғ, Вобканд, Қайқубод, Заркамар, Навобод ва Тахти Сангин даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ сохта шуда, қисми дигари онҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар баробари корҳои ободонӣ, рушди бахши саноат низ аз самтҳои муҳими фаъолияти ноҳия ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба даҳҳо соҳибкор қитъаҳои замин ҷудо гардида, як қатор лоиҳаҳои истеҳсолӣ дар марҳилаи сохтмон қарор доранд. Аз ҷумла, сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва масолеҳи сохтмонӣ идома дошта, бархе аз онҳо ба марҳилаи насби таҷҳизот расидаанд.

Соҳаи маориф низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, дар чанд соли охир барои зиёда аз се ҳазор хонанда синфхонаҳои нави иловагӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин тадбир барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва коҳиш додани норасоии ҷойи нишаст мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурустӣ низ як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои нави табобатӣ бунёд гардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шудааст.

Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён идома дошта, мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.