Skip to content Skip to footer

Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ — макони муҳими сайёҳии зиёратӣ ва фарҳангии Тоҷикистон

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, даҳҳо ёдгории миллӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ таҷдиду барқарор карда шуданд.

Тадбирҳои мазкур на танҳо ба ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат карданд, балки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои туристии кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг аз ҷумлаи чунин мавзеъҳо ба шумор меравад. Ин макони муқаддас, ки дар доманаи хушманзараи ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ симои нав касб намуда, ба яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии зиёратӣ ва фарҳангии мамлакат табдил ёфтааст.

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ корҳои васеи ободониву созандагӣ ва навсозӣ анҷом дода шуданд.

Соли 2006, дар арафаи ҷашни 15-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақбараи Султон Увайси Қаранӣ пурра таҷдид гардида, барои ҳифзи ин мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Баъдан роҳҳои мошингард, пулҳо ва инфрасохтори зарурӣ навсозӣ гардида, сатҳи дастрасии меҳмонон ба мамнуъгоҳ беҳтар карда шуд.

Тибқи маълумот, танҳо дар шаш моҳи соли 2026 ба ноҳияи Ховалинг беш аз 101 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ташриф овардааст. Аз ин шумора қариб 14 ҳазор нафар аз Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ боздид намудаанд.

Имрӯз дар атрофи мамнуъгоҳ меҳмонхонаҳои замонавӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, бозори ҳунармандӣ ва марказҳои пешниҳоди маҳсулоти миллӣ фаъолият доранд. Ин имкониятҳо барои қабули сайёҳон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату зиёрат мусоидат мекунанд.

Сайёҳон дар ин мавзеъ на танҳо аз табиати зебо ва муҳити ором баҳра мебаранд, балки бо фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон низ аз наздик шинос мешаванд.

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ имрӯз яке аз намунаҳои равшани натиҷаҳои сиёсати созанда дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар ҳифзи мероси миллӣ, рушди сайёҳии зиёратӣ ва фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Leave a comment