Skip to content Skip to footer

 Шуғнон:  “ Тоҷикона мепӯшем!”  

Таърих гувоҳ аст, ки занон – модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.

Дар ин фасли зебои сол – баҳори гулбадомон дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми  “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардида истодааст.

Дар ҳамоши мазкур, ки дар ноҳияи Шуғнон баргузор шуд,  бонувони касбу кори гуногун бо ба бар намудани либосҳои миллӣ бо ҳиси ифтихор аз ватандорию арзишҳои миллӣ иштироки фаъолона намуданд.

Занону бонувони ноҳияи Шуғнон бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, ҳамчун муаррифкунандаи зебоии либоси миллӣ иброз медоранд, ки дар партави дасуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  аз байн бурдани хуруфотпарастӣ саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.

Ҳамин аст, ки дар ин чорабинӣ беш аз 300 нафар занону бонувони фаъоли ноҳия иштирок карда, ният доранд минбаъд низ чунин чорабиниҳоро дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намоянд.

Leave a comment