Skip to content Skip to footer

Душанбе:  баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ   

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонони фаъол ва дӯстдорони варзиш баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар баргузор мешавад. Ҳадафи асосии ин иқдом таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ миёни аҳолӣ мебошад.

Дави миллӣ аз дидбонгоҳи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» идома ёфт. Дар ин чорабинии варзишӣ, дар баробари намояндагони дигар ташкилоту идораҳо, кормандони Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ иштироки фаъолона намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш мусоидат менамояд.