Дар шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳи даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Озмуни мазкур, ки ҳамасола сафи дӯстдорони китобу адабро афзоиш медиҳад, барои кашфу муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Чорабинӣ дар фазои фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуда, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, масъулини раёсату шуъбаи маориф, аъзои комиссияи озмун, омӯзгорон, хонандагон, волидайн ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Фазои толорро рӯҳияи китобдӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу адабиёти миллӣ фаро гирифта буд. Иштирокчиён бо омодагии ҷиддӣ ва рӯҳияи баланд дар озмун ҳузур ёфта, кӯшиш карданд маҳорати суханварӣ, дониши адабӣ ва ҷаҳонбинии худро нишон диҳанд. Дар саҳна порчаҳо аз осори адибони классик ва муосири тоҷик қироат гардида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Зимни суханронӣ масъулин таъкид карданд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз муҳимтарин ташаббусҳои фарҳангиву маърифатии кишвар буда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими фарҳанги китобхонӣ, эҳёи анъанаҳои неки мутолиа ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад. Ба гуфтаи онҳо, ҷомеа имрӯз ба ҷавонони донишманд, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ниёз дорад ва китоб беҳтарин воситаи расидан ба ин ҳадаф маҳсуб меёбад.
Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни наврасону ҷавонон ба китобу мутолиа нишонаи боло рафтани маърифати ҷомеа мебошад. Маҳз чунин озмунҳо метавонанд ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва ифтихори ватандориро дар қалби ҷавонон таҳким бахшанд.
Дар ҷараёни озмун иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, адабиёти кӯдакон ва наврасон, инчунин осори шифоҳӣ байни ҳам рақобат менамоянд. Ҳар як номинатсия ба хонандагон имконият медиҳад, ки сатҳи мутолиа, маҳорати суханронӣ ва қобилияти таҳлилии худро муаррифӣ намоянд.
Ба иттилои масъулин, дар даври аввали озмун 9531 нафар иштирок намуда, пас аз марҳилаҳои интихобӣ 429 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтаанд. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи зиёд ва иштироки фаъоли хонандагон дар озмун шаҳодат медиҳад.
Таъкид шуд, ки ғолибони даври шаҳрӣ ба даври вилоятии озмун роҳ ёфта, шаҳри Бохтарро дар марҳилаи навбатӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Барои иштирокчиён чунин озмун на танҳо майдони рақобат, балки мактаби такмили дониш, рушди маҳорати суханварӣ ва боло бурдани эътимод ба нафс ба ҳисоб меравад.
Даври дуюми озмун дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар то охири ҳафта идома ёфта, пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо ғолибон барои иштирок дар даври сеюми озмун роҳхат дарёфт хоҳанд кард.

