Skip to content Skip to footer

Касбомӯзӣ — заминаи рушди иқтисод ва шуғли устувор

Фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиш ва азбаркунии касбу ҳунар яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиёти муосир ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт муассисаҳои таълимии касбию техникӣ ва марказҳои омӯзишии назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир доранд.

Имрӯз дар бозори меҳнат бештар нафароне мавқеи устувор пайдо менамоянд, ки соҳиби касбу ҳунар ва малакаи касбӣ мебошанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ пайваста ба омӯзиш ва азхудкунии илму донишҳои замонавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шуғлфарогирии аҳолиро яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа арзёбӣ менамоянд.

Бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии касбӣ курсҳои гуногуни омӯзишӣ ташкил гардида, хоҳишмандон бо шавқу рағбати зиёд ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар Литсейи касбию техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 400 нафар муҳассил ба омӯзиши 8 номгӯйи касбу ҳунар ва ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардида, дар шароити мусоид таълим гирифта истодаанд.

Дар литсей курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи ихтисосҳои мавҷуда ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кӯрпадӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, бофандагӣ, атласу адрасбофӣ, тунукакорӣ ва сохтани асбобҳои мусиқӣ таъсис дода шудаанд, ки шумораи зиёди занону бонувон ба онҳо ҷалб гардидаанд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбия, синфхонаҳо ва устохонаҳои таълимӣ бо аёният ва таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд. Хонандагони муассиса дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтаанд.