Skip to content Skip to footer

Меҳмонони Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим…» аз ёдгориҳои нодири Ховалингу Балҷувон боздид намуданд

 Дар доираи Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» барномаи фарҳангиву маърифатӣ идома ёфта, меҳмонон ва донишмандон аз кишварҳои гуногун аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон боздид намуданд.

Иштирокчиён нахуст аз мавзеи бостоншиносии Кулдара дар ноҳияи Ховалинг дидан карданд, ки яке аз қадимтарин қароргоҳҳои инсонӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, меҳмонон аз Осорхонаи асри санг ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия боздид намуда, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги ғании минтақа аз наздик шинос шуданд.

Дар идомаи сафар ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, аз Қалъаи таърихии Балҷувон боздид намуданд. Иштирокдорон баргузории чунин чорабиниҳоро барои муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карданд.