Skip to content Skip to footer

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд

Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо пайомадҳои офати табиӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо осеб дидаанд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, мутаассифона, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд. Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст. Ҳамдардӣ ва тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони фавтидагон ва хонаводаҳои зарардида расонида шуд.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сохторҳои масъули ҳолатҳои фавқулода, хадамоти коммуналӣ ва дигар ниҳодҳои масъули шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро ҷиҳати дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида вазифадор намуд.

Таъкид гардид, ки техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар гардида, корҳои тоза намудани роҳу кӯчаҳо, барқарорсозии ҳаракати нақлиёт, таъмири инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд.

Ҳамзамон ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, аҳолии осебдидаро бо маводи ғизоӣ таъмин созанд, ёрии аввалини тиббию санитарӣ расонанд, сокинони минтақаҳои хавфнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, дар мавзеъҳои осебпазир навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд.

Ҳоло дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, тозакунии минтақаҳо ва барқарор намудани шароити муътадили зиндагии сокинон идома доранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маҳалли офати табиӣ бо мардуми зарардида суҳбату вохурӣ намуда, изҳор дошт, ки аз соатҳои аввал вазъи ба амаломада, рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумаки фаврии аввалия ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб таҳти таваҷҷуҳ ва назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, Раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур доданд, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.