Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо раиси ширкати Action Hotels, Action Real Estate and Action Hotels Шайх Муборак Ал-Абдуллоҳ Ал-Муборак Ас-Сабоҳ вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ карда шуд.
