Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мактаби мусиқии ба номи Одина Ҳошим ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ — сарчашмаи ифтихори миллӣ» баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ҷумҳурӣ ва китобҳои арзишманди Пешвои миллат ба маърази тамошо гузошта шуда, ба иштирокдорон муаррифӣ гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, ҳамоишро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ифтитоҳ намуд.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоирону нависандагон, аҳли зиё ва бонувони фаъоли вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи навини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин неъмати муқаддас соҳибихтиёрии давлат, ваҳдати миллӣ ва озодии шаҳрвандони кишварро таҷассум намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Зикр шуд, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро таҳким бахшида, дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла вобаста ба об ва иқлим, бо ташаббусҳои созанда саҳми назаррас мегузорад.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати ҳадафмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати зан — модар дар ҷомеа таҳким ёфта, барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар имкониятҳои бештар фароҳам оварда шудаанд.
Дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа дар солҳои истиқлол ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ин масъала ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дорад.
Қайд гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан ва таъмини мавқеи устувори зан — модар дар ҷомеа таҳаввулоти назаррас ба амал омада, занони қавиирода ва боҷасорати тоҷик ба арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, маориф, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ, фаъолона ворид гардиданд. Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи бошукӯҳи фарҳангиву консертӣ баргузор гардид. Ба бонувони фаъол — намояндагони вазорату кумитаҳо ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

