Skip to content Skip to footer

ДАР ХУҶАНД МАСЪАЛАИ ПЕШГИРИИ ТАЛАФОТ ВА ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ НЕРУИ БАРҚ БАРРАСӢ ГАРДИД


Дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирии талафот ва истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ дар се моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки танҳо фаъолияти муташаккилона, назорати мунтазам ва ҳамкории зич бо мақомоти дахлдор метавонад ба коҳиши талафоти неруи барқ, ошкорсозии қонуншиканиҳо ва таъмини истифодаи мақсадноки он мусоидат намояд.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории муштараки шабакаҳои барқ ва мақомоти прокуратура дар се моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои ҷамъоварии маблағ беҳтар гардида, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд дар самти коҳиши талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағ дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудиҳо доранд, ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳо, ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва тақвияти корҳои назоратӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.