Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

ДАР ДУШАНБЕ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МАҚОМ ВА МЕРОСИ АДАБИИ РОБИЯИ БАЛХӢ БАХШИДА ШУД

Дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид. Ҳамоиш бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир шуда, олимон, муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва коршиносони соҳаи адабиётро аз Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз…

Read More

ДАР ТУРСУНЗОДА 95 ФОИЗИ ИНШООТҲОИ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БА ИҶРО РАСИДАНД

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми фаъолонаи соҳибкорону сокинони ватандӯст дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо,…

Read More

Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад

Аз 17 то 20 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» баргузор мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки 18 июн дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» доир шуда, баъд аз…

Read More

ДАР БОХТАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ «ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ» БО ШУКӮҲИ ХОС БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Чорабинӣ дар назди майдони Нишони давлатии шаҳр бо иштироки роҳбарияти шаҳри Бохтар, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва сокинону меҳмонони шаҳр доир шуд. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ,…

Read More

Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд

Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шавад. Чунин дарҷ гардидааст дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иваз намудани номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон», ки 3 июни соли 2026 ба имзо расид. Ванҷях, ки ба пиряхи Тоҷикистон табдили ном кард, бузургтарин пирях на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми ҷаҳон берун аз…

Read More

дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз баргузор мегардад

Аз 25 июн то 2 июли соли 2026 пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз /GCF- Green Climate Fund/ мегардад. Масъалаи омодагӣ ба ин чорабинӣ дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Сулаймон Зиёзода дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд. Гуфта шуд, ки ҷаласаи…

Read More

Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид

Дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар Намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia 2026» дар шаҳри Самарқанд муаррифӣ карда шуд.   Бояд тазаккур дод, ки гӯшаи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, ҳамзамон роҳбарии иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia…

Read More

Ҳифзи муҳити зист — масъулияти ҳар яки мост:  5 июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Ин сана бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи табиат ва мубориза бо тағйирёбии иқлим таъсис ёфтааст. Имрӯз мушкилоте чун ифлосшавии ҳаво, камшавии захираҳои об, обшавии пиряхҳо ва афзоиши партовҳо ба таҳдиди ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфтаанд. Аз…

Read More

ОғОЗИ Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат»

Имрӯз дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид. Ин чорабинӣ то 5 июн идома меёбад. Дар чорабинии байналмилалӣ иштироки намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо дар назар дошта шудааст. Ба…

Read More

Дар Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия — Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири федералии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир шуд. Зимни нишаст ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои…

Read More

«Ваҳдати миллӣ – шоҳкории Пешвои миллат» дар ДБССТ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва муқаддаси даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ва тақдирсози миллат ба ҳисоб меравад. Ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – шоҳкории Пешвои миллат» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории…

Read More

ИСТАРАВШАН — МАРКАЗИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ ВА МАКОНИ ҶАЗЗОБИ САЙЁҲӢ

Шаҳри Истаравшан ҳамчун яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон дар баробари рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кор нақши муассир дорад. Мероси ғании таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва инфрасохтори муосири сайёҳӣ ин шаҳри бостониро ба яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додааст. Истаравшан дорои имкониятҳои васеъ барои…

Read More