Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Озмун ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва муҳити зист, инчунин тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим равона шуда, аз рӯйи се номинатсия – «Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ», «Филм ва барномаҳои беҳтарини телевизионӣ ва радиоӣ» ва «Мусаввараи беҳтарин» доир гардид.
Дар озмун олимону мутахассисон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, хонандагону донишҷӯён, гурӯҳҳои эҷодӣ ва шахсони ҳуқуқӣ иштирок намуда, маводи марбут ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, муҳити зист ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим пешниҳод карданд. Дар маросими ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

