Skip to content Skip to footer

«Аз сулҳи тоҷикон то сулҳи ҷаҳон»

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Аз сулҳи тоҷикон то сулҳи ҷаҳон» баргузор гардид.

Ҳамоиш ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» бахшида шуда, дар он нақши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи пойдор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар конференсия Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар, директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Каримзода Ҳақназар ва доираи васеи аҳли илму адаб иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти сулҳу ваҳдат ва нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳ суханронӣ карданд.

Зимни ироаи маърузаҳо таъкид шуд, ки сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад ҳамчун намунаи арзишманд дар роҳи ҳалли низоъҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи байналмилалӣ истифода шавад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу оянда равона шудааст.

Дар идомаи конференсия иштирокчиён перомуни дастовардҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу ваҳдат, аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии кишвар ва нақши воситаҳои ахбори омма дар тарғиби ғояҳои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ андешаронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои ҷомеаи Тоҷикистон, балки ҳамчун намунаи муҳими таърихӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хос дошта, метавонад дар таҳкими сулҳу субот ва пешгирии ихтилофҳо нақши муассир гузорад.

Leave a comment