Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон соати 08:00 оғоз мегардад. Дар он намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои неки ниёгон ва фарҳанги пурғановати мардуми Хатлонзамин пешниҳод мегардад. Соати 18:00 барномаи фарҳангии иборат аз рақсу сурудҳои ҳунармандон пешниҳод карда мешавад.
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ин рӯз дастовардҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва дигар имконоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муаррифӣ карда мешаванд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус танҳо баргузории чорабиниҳои идона набуда, балки таҳкими фазои ягонаи фарҳангии мамлакат мебошад. Барои сокинони пойтахт ин имконияти мусоидест, то бо фарҳангу суннатҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Он ҳамчунин барои муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ва соҳибкорӣ фурсати муносиб мебошад.
Дар рӯзҳои фарҳангӣ меҳмонон метавонанд намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои ороишӣ-амалӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатии минтақаҳоро тамошо намоянд. Инчунин бо маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллии минтақаҳо шинос шаванд.

