Skip to content Skip to footer

Дар ДУШАНБЕ ДОИР ба рушди технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи сайёҳӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

  Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, дар факултаи иқтисод ва идоракунӣ, кафедраи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун омили рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ устодону донишҷӯён, намояндагони сохторҳои дахлдор ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки рушди технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла сомонаҳои муосири сайёҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва барномаҳои мобилӣ дар пешрафти соҳа нақши муассир дошта, метавонад ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сайёҳӣ мусоидат намояд.

Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён пешниҳод гардида, масъалаҳои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва фарҳангӣ, инчунин хизматрасониҳои рақамӣ муҳокима шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ аҳамияти чунин ҳамоишҳои илмӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавонон таъкид гардид.

Leave a comment