Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавӣ таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо иштирокчиёни намоишро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, роҷеъ ба мақому манзалати ҷашни Наврӯз ва атрофи намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” суханронӣ намуданд.
Дар намоиш ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидошта, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2025 то Наврӯзи 2026 бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ҷамъоварӣ гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Зикр гардид, ки дар ин муддат ба фонди Осорхонаи миллӣ 665 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки аз ин шумора ки аз ин шумора 240 адади он тавассути комиссияи фондӣ харидорӣ гардида, 182 аз ҷониби бостоншиносони муассиса аз ёдгориҳои ҳудуди кишвар кашф шуда ва 243 адади дигараш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомотҳои гуногун ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.
Таркиби осори ба намоиш гузошташударо маводи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, нусхаҳои дастнавис, китобҳои чопи сангӣ, мусаввараҳо, сиккаҳои давраҳои гуногун, навъҳои гуногуни сузаниҳо ва ҷомаву куртаҳои чакан, ки инъикосгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошанд, ташкил медиҳад.

Ҷойгоҳи махсусро дар намоиш гулдӯзии чакани мунаққаш, ки аз ҷониби 6 нафар чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб дар муддати 6 моҳ ба андозаи 6х6м офарида шудааст дарбар мегирад. Бояд тазаккур дод, ки ин нигора калонтарин гулдӯзии Осорхонаи миллӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар намоиш дастоварди нодири бостоншиносони Осорхонаи миллӣ — кӯзаи дудастаи обгирӣ бо хати қадимаи бохтарӣ, ки дар рафти баргузории ковишҳои бостоншиносӣ аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон кашф гардидааст, ба аҳли намоиш муаррифӣ карда шуд.
Намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” то 23.03.2026 идома меёбад.

