Skip to content Skip to footer

бемории фарбеҳшавӣ ва хатари он ба саломатӣ

 Пешгирии бемории фарбеҳшавӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити имрӯза таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд. Фарбеҳшавӣ на танҳо намуди зоҳирии инсонро тағйир медиҳад, балки метавонад сабаби пайдоиши як қатор бемориҳои хатарнок, аз ҷумла диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳо, фишорбаландӣ ва мушкилоти буғумҳо гардад.  

Коршиносон бар онанд, ки сабаби асосии фарбеҳшавӣ тарзи нодурусти ҳаёт, камҳаракатӣ ва истеъмоли зиёди хӯрокҳои серравғану сершакар мебошад. Аз ин рӯ, барои пешгирии он, пеш аз ҳама, бояд ба фарҳанги ғизо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Истеъмоли мунтазами сабзавоту меваҳои тару тоза, маҳсулоти ширӣ, гӯштҳои камравған ва маҳдуд кардани шириниҳою нӯшокиҳои газдор метавонад дар нигоҳ доштани вазни муътадил мусоидат намояд. снх

Ҳамзамон, фаъолияти ҷисмонӣ нақши калидӣ дорад. Машғул шудан ба варзиш, роҳгардии ҳаррӯза, давидан ва дигар намуди машқҳо на танҳо ба кам шудани вазни зиёдатӣ, балки ба беҳтар шудани фаъолияти дилу рагҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар як шахс дар як рӯз на камтар аз 30 дақиқа ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавад. Илова бар ин, риояи реҷаи дурусти рӯз, хоби кофӣ ва пешгирии ҳолатҳои стресс низ дар нигоҳ доштани вазни солим мусоидат мекунанд.снх

 Омилҳои равонӣ, аз ҷумла изтироб ва депрессия, метавонанд ба зиёд истеъмол кардани ғизо оварда расонанд, ки ин дар навбати худ боиси фарбехшавӣ мегардад. Назорати мунтазами вазн ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон низ муҳим мебошад. Дар ҳолате ки нишонаҳои зиёд шудани вазн ба назар мерасанд, беҳтар аст бо духтур ё диетолог машварат гирифт, то ки роҳҳои дурусти танзими ғизо ва тарзи ҳаёт муайян карда шаванд. Дар маҷмӯъ, пешгирии фарбехшавӣ аз худи инсон вобаста буда, бо риояи одитарин қоидаҳои тарзи ҳаёти солим метавон аз он ҷилавгирӣ кард. Солимии ҷомеа аз солимии ҳар як фард оғоз меёбад ва ҳар як шахс бояд барои нигоҳ доштани саломатии худ масъулият эҳсос намояд.