Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро доир ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавот шунида, оид ба суръат бахшидан ба кишти такрорӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба мустаҳкамкунии соҳилҳои…

Read More

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 46 масъала қабул намуданд. Зимни…

Read More

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 47 масъала баррасӣ гардид. Аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид…

Read More

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР аз 15 июни соли 2026 №366 ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Солеҳзода А.М. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Солеҳзода Аюбҷон Маруф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод…

Read More

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Саидзода Зебонисо Саидбек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хоҳиши худаш, Саъдуллозода Сайдо Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хос…

Read More

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026, №1184 Ҷоизаи байналмилалии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад ва аз иқдомҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Қобили…

Read More

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи…

Read More

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд. Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулини давлатӣ ҷараён гирифт, масоили суръатбахшӣ…

Read More

Истиқлол: Оғози сохтмони маҷмааи муосири сайёҳӣ

Дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд. Сокинони меҳнатқарини шаҳр бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият дар татбиқи нақшаҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузошта, барои истиқболи шоистаи ин санаи муҳими таърихӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо…

Read More