Субҳи 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг, ки ба истиқболи шоиста аз ҷашни…
19.06.202, шаҳри Душанбе
Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма,
Нахуст, ташрифи Сарвазири муҳтарам, ҷаноби Кобахидзе ва ҳайати баландпояи Гурҷистонро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегуям.
Мо мулоқоту музокироти имрӯзаро имконияти мусоид барои баррасии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни ду кишвар медонем.
Бовар дорам, ки татбиқи ҳамаҷонибаи мувофиқаҳои дар ин зимн бадастомада ба ғанӣ гардонидани онҳо бо…
19.06.2026, шаҳри Душанбе
19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ҷаноби Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмию эътимод сурат гирифт, Тарафҳо аҳамияти сафари мазкурро ҳамчун саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ба вежа қайд карданд.
Бо такя ба робитаҳои мустаҳками таърихӣ ва пайвандҳои…
19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвари дӯст дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ…
Сафари кории гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Навои модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занони фаъоли кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, ин навбат ҳайати гурӯҳ аз ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуд.
Дар ноҳияи Фархор меҳмонон бо намоиши фарҳангӣ ва суннатҳои меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифта шуданд. Ҳайати гурӯҳ аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия дидан…
Дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба аҳамияти таърихиву фарҳангии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шоирону адибон, олимон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки «Шоҳнома» на танҳо шоҳкори адабиёти…
Дар шаҳри Бохтар ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ва тадбирҳои экологӣ бо маром идома доранд. Дар ин замина, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардиданд.
Дар аксия сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо,…
16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи…
16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро доир ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавот шунида, оид ба суръат бахшидан ба кишти такрорӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба мустаҳкамкунии соҳилҳои…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 46 масъала қабул намуданд.
Зимни…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 47 масъала баррасӣ гардид. Аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид…
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР
аз 15 июни соли 2026 №366 ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Солеҳзода А.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Солеҳзода Аюбҷон Маруф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод…
