Skip to content Skip to footer

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд

Дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукуҳ намояндагони аршади Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, аъзои корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, расонаҳои хабарӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида Рухшона Эмомалӣ зимни суханронӣ ба аҳаммияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамзамон, ӯ аз мавқеи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро таъкид кард.

Пас аз анҷоми бахши расмии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои опера ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи меҳмононро болида гардонид.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоиши маҳсулоти ватанӣ ва гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Leave a comment