Дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд. Сокинони меҳнатқарини шаҳр бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият дар татбиқи нақшаҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузошта, барои истиқболи шоистаи ин санаи муҳими таърихӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 150 банд амалӣ гардида, бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ идома дорад.
Бо наздик шудани ҷашни миллӣ дар тамоми ҳудуди шаҳр корҳои ободониву созандагӣ суръати бештар гирифтаанд. Дар натиҷаи саъю кӯшиши сокинон ва дастгирии мақомоти давлатӣ даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва таҷдиду навсозии инфрасохтори иҷтимоӣ бо маром идома дорад. Ҳамзамон дар соҳили кӯли шаҳр ва доманакӯҳҳои атроф сохтмони маҷмааи муосири сайёҳӣ оғоз гардидааст, ки дар оянда метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо бозгӯи дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат аз ҷониби сокинони шаҳр буда, аз саҳми фаъолонаи онҳо дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Имрӯз сокинони шаҳри Истиқлол бо ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ корҳои ободониву созандагиро идома дода, барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳр талош меварзанд. Зеро ҳар як иншооти нав ва ҳар як иқдоми созанда қадами устувор дар роҳи рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Бо чунин корҳои бунёдкорона истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар ҷомеа боз ҳам таҳким меёбад.

