Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2026, аз 28 то 30 май дар ҳудуди шаҳри Роғун ва ҶСК «НБО Роғун» машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми рахнашавии эҳтимолии сарбанди НБО Роғун» баргузор гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани машқ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба сохторҳои дахлдор ёрии амалӣ ва методӣ расонида шуд.
Дар ҷараёни машқ вазъияти шартии рахнашавии сарбанд ва эвакуатсияи кормандон тарҳрезӣ гардида, сатҳи омодагии ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, комиссияҳои эвакуатсионӣ ва қувваву воситаҳои мудофиаи гражданӣ санҷида шуд.
Барои иҷрои корҳои муҳандисӣ ва рафъи ҳолатҳои эҳтимолӣ аз ҷониби ҶСК «НБО Роғун» 600 нафар корманд, аз ҷумла 15 нафар аз Дастаи махсуси иҷрои корҳои хатарнок ва 16 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб гардиданд.
Дар маҷмӯъ дар машқи мазкур 870 нафар иштирок намуда, ба минтақаҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар майдончаи сохтмонии №5 шаҳраки хаймавӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи идоракунӣ, бақайдгирӣ ва таъминоти моддӣ ташкил карда шуд.
Зимни машғулиятҳои амалӣ хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии ҶСК «НБО Роғун» амалҳои худро оид ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ, рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва эвакуатсияи кормандон ба таври амалӣ нишон доданд.
Натиҷаҳои машқ нишон доданд, ки ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании шаҳри Роғун ва ҶСК «НБО Роғун» барои амал намудан дар шароити ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ омодагии зарурӣ доранд.

