Бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, эҳё ва муаррифии фарҳангу ҳунари халқи тоҷик ҳамасола дар саросари кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Дар ин замина, баргузории фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллӣ ва мардумӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Ба хотири натиҷагирӣ аз ин озмунҳо дар Маркази фароғатии “Хуррамшаҳр”-и ноҳияи Данғара чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ тарроҳон, бонувон ва ҷавондухтарони соҳибзавқ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, ҳунари воло ва асили зани тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои гуногуни санъати бостонии тоҷикон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, лавозимоти рӯзгор, курта, сӯзанӣ, болишт, тоқӣ ва дигар маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки бо нақшу нигори зебо оро ёфта буданд, пешкаши масъулон ва меҳмонон гардонида шуданд.
Ҳамзамон, озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин», ки ҳадафи он тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллии маҳаллӣ, таомҳои муосир, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад, бо иштироки фаъоли бонувони ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар идомаи чорабинӣ беҳтарин тарроҳон, ҳунармандон ва кадбонуҳое, ки дар озмунҳои болозикр ва тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз фаъолона иштирок намуда, ҳунари воло ва асили бонуи тоҷикро муаррифӣ карданд, дар фазои тантанавӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ гардиданд.

