Дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони мақомот, инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода бахшида ба 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро директори Агентӣ, генерал-полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фаро расидани ҷашни муҳимми давлатӣ муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу субот ва пешравиҳои беназирро таманно намуданд.Зимнан, қайд гардид, ки воқеан фарорасии чунин солгарди хотирмон аз ҷиҳати ҳисси баланди соҳибдавлатӣ ва аз назари сарнавишту арзишҳои миллӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.
Мо Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эътимоди комил пойдевори асосии эҳёи дубораи миллӣ, рукни асосии давлати озод, кафолати хонаи ободу сари баланд, неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯза ва кулли дастовардҳо дар тамоми самту соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин миллати шарафёб маҳсуб дониста, маҳз дар заминаи ҳамин қадршиносӣ ҳамасола ин санаи муборакро бо самимияту шукргузорӣ аз ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем.
