Дар шаҳри Душанбе Форуми 5-уми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» оғоз гардид.
Дар форум муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерони дохиливу хориҷӣ иштирок доранд.
Дар кори форум …
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе аз 19 то 28 март барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Тибқи маълумот 19 март, соати 10:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём»-и ноҳияи Сино барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
22…
Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи “Алишер Навоӣ” чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе дар ҳамҷоягӣ бо Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои "Мир" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, он аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хони ҳафтсину ҳафтшин ва анъанаҳои…
Ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!", дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташкили як барномаи фарҳангӣ ва оростани хони Наврӯзӣ доир гардид. Намояндагони Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо ташкили гӯшаҳои алоҳидаи таҷассумгари анъанаҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.
Қисмати…
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, бо иштироки роҳбарияти вилоят, кормандони сохторҳои қудратӣ ва сокинони касбу кори гуногун “Дави наврӯзӣ” баргузор гардид.
Чорабинӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, Раиси вилоят тамоми иштирокдоронро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, иброз дошт, ки “Дави Наврӯзӣ”, баёнгари сарҷамъию муттаҳидӣ, саодатмандию сарфарозӣ ва…
14 март дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи дарёҳо, истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Ин сана аз баргузории нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи дарёҳо, ки моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Куритибаи Бразилия баргузор гардида буд,…
Варзиш барои саломатии инсон аҳамияти муҳим дорад. Бо ҳамин мақсад кормандони Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.
Ҳадафи баргузории машқи пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва баланд бардоштани маърифати саломатӣ мебошад. Иштирокчиён…
Мақоми ҷаҳонӣ касб намудани ҷашни Наврӯз барои сокинони ноҳияи Шуғнони ВМКБ аз дастовардҳои наҷиби даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ҳоло дар ин минтақа ин ҷашни бостониро бо вижагиҳои хос истиқбол менамоянд. Бо омадани ҷашни Наврӯз ҳар як оила суннатҳои қадимаи аҷдодиро, ки аз поксозии хона, атрофи муҳит оғоз мегардад, шуруъ менамоянд.
Маҳз дар ин…
Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавӣ таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо иштирокчиёни намоишро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, роҷеъ ба мақому манзалати ҷашни Наврӯз…
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот оғоз гардида, то 19 март идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такия ба Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35 — солагии ҷашни муқаддаси…
Ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар доираи Форуми III -юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид карданд.
Истиқболи ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар доираи Форуми III -юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии…

