Дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушоди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳти унвони «AI ALLEY» («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он муаррифии имкониятҳои амалии зеҳни сунъӣ, рушди фарҳанги рақамӣ ва таҳкими ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва экосистемаи стартапӣ буд.
Дар фестивал роҳбарияти Агентӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуда, вобаста ба аҳаммияти қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод андеша ва мавқеи худро баён намуданд.
Дар чаҳор минтақаи асосии фестивал саҳнаи асосӣ, минтақаи намоишӣ, минтақаи омӯзишӣ ва минтақаи фароғатӣ – ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, муассисаҳои таълимӣ, барномасозон ва ҷавонон маҳсулот, хизматрасониҳо ва имкониятҳои инноватсионии худро муаррифӣ намуда, дар доираи барномаи фестивал лоиҳаҳои рақамӣ, мастер-классҳо, машғулиятҳои амалӣ ва барномаҳои интерактивиро пешниҳод намуданд.
«AI ALLEY» ҳамчун майдони муошират, омӯзиш ва муаррифии технологияҳои навин ба оммавигардонии дониш дар бораи зеҳни сунъӣ, дастгирии ҷавонону стартапҳо ва рушди минбаъдаи экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

