Skip to content Skip to footer

Пешниҳоди лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ барои солҳои 2027–2031

Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нақши сайёҳӣ дар ҳаёти ҷомеа, лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031 пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Барнома бо мақсади муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои асосии рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии Барнома фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди босубот ва самараноки сайёҳии дохилӣ, ташкили муҳити босифати сайёҳӣ ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.

Барнома ба ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ барои минтақаҳо ва деҳоти дурдаст, инчунин ба ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангии кишвар равона карда шудааст. Яке аз самтҳои муҳими Барнома муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба аҳолии дохили кишвар мебошад.

Зеро шиносоии шаҳрвандон бо таъриху фарҳанг, табиати зебо ва мавзеъҳои нодири Тоҷикистон на танҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад, балки дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву таърихии миллӣ низ нақши муҳим дорад.

Leave a comment