Skip to content Skip to footer

«ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ: ЭҲЁ, ҲОЛАТ, РУШД ВА ДУРНАМО»

Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳунарҳои бадеии халқӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Конфронси мазкур бо иштироки намояндагони шуъба ва бахшҳои фарҳанг, роҳбарони осорхонаҳо ва нозирони ёдгориҳои таърихӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»- и шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он масъалаҳои мубрами марбут ба эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамои соҳаи ҳунармандӣ баррасӣ гардиданд.

Бино ба иттилои  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи илмӣ-амалӣ бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳифз ва рушди анъанаҳои хоси ҳунарҳои бадеии халқӣ, бақайдгирӣ ва барӯйхатгирии  мероси  фарҳангӣ ташкилу роҳандозӣ шуда,  бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки  яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, рушди соҳаи ҳунармандиро дар кишвар таъмин кардаанд.