Skip to content Skip to footer

Телевизион ва радио дар Тоҷикистон — омили муҳими рушди фазои иттилоотӣ

Имрӯз радио ва телевизион ҳамчун воситаҳои муҳими иттилоърасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус доранд. Ин соҳа ҳамқадами рушди давлатдорӣ рушд намуда, ба як низоми мукаммали давлатӣ ва хусусӣ табдил ёфтааст. Дар адабиёти муосир воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио, ҳамчун “шохаи чоруми ҳокимият” низ ном бурда мешаванд, зеро онҳо дар ташаккули афкори ҷомеа ва назорати иҷтимоӣ нақши муҳим доранд.

Имрӯз фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шабакаҳои гуногуни телевизионӣ ва радиоӣ ташкил медиҳанд, ки ҳар яке бо самт ва формати хоси худ барои қишрҳои гуногуни ҷомеа барнома таҳия ва пахш менамоянд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар кишвар зиёда аз 90 телевизион, радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки онҳо ба бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷудо мешаванд.

Таърихи телевизион дар Тоҷикистон аз соли 1959 оғоз мегардад, замоне ки аввалин пахши телевизионӣ аз шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави рушди воситаҳои ахбори омма дар кишвар гардида, барои ташаккули шабакаҳои муосири телевизионӣ замина гузошт.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардидааст.

Дар фазои расонаӣ телевизион ва радио на танҳо воситаи хабаррасонӣ, балки оинаи воқеии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳо, тарғиби фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.

Дар кишвар як қатор шабакаҳои давлатии телевизионӣ фаъолият доранд, аз ҷумла телевизионҳои Тоҷикистон, Сафина, Баҳористон, Ҷаҳоннамо, Варзиш, Синамо, ТВ Душанбе, инчунин телевизионҳои соҳавии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Илм ва табиат». Ин шабакаҳо ба инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷомеа равона шудаанд.

Дар баробари онҳо телевизионҳои хусусӣ низ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ТВ Ватан, ТВ Мавҷи Истиқлол ва дигар шабакаҳои минтақавӣ, ки бо барномаҳои иттилоотиву фароғатии худ дар рушди фазои иттилоотии кишвар саҳм мегузоранд.

Дар бахши радио низ шабакаҳои зиёде амал мекунанд. Аз ҷумла Радиои Тоҷикистон, Радиои Садои Душанбе, Радиои Фарҳанг, инчунин радиоҳои хусусӣ ба монанди Радиои Азия-Плюс, Радиои Ватан ва дигарҳо.

Дар замони муосир радио ҳамчун як рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳо, таҳкими фазои иттилоотӣ, рушди давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муассир мегузорад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ шабакаҳои нави телевизионӣ таъсис ёфта, фазои иттилоотии кишвар боз ҳам густариш пайдо кард. Аз ҷумла телевизиони Сафина 3 сентябри соли 2005 таъсис ёфта, фаъолияти худро бо барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ оғоз намуд. ТВ Душанбе бошад, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 сентябри соли 2006 таъсис ёфта, ба инъикоси ҳаёти пойтахт равона гардид.

Ҳамчунин, соли 2022 дар кишвар телевизиони соҳавии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, телевизион ва радио дар Тоҷикистон на танҳо воситаи иттилоърасонӣ, балки ҷузъи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд.