Skip to content Skip to footer

Дар ноҳияи Ашт 75 дарсади корҳои сохтмонии нерУгоҳи офтобӣ ба анҷом расидааст

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи офтобии ноҳияи Ашт бо суръати баланд идома доранд.

То имрӯз 75 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар масоҳати 30 гектар 49 ҳазор панели офтобӣ насб гардидааст. Айни замон нерӯгоҳ 30 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол намуда, онро ба шабакаҳои барқрасонӣ интиқол медиҳад. Дар маҷмӯъ, то охири соли ҷорӣ истеҳсоли 250 мегаватт нерӯи барқи сабз ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва дар доираи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи энергетика, татбиқи ин лоиҳаи муҳими стратегӣ идома дорад.

Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт дар масоҳати умумии 750 гектар бунёд гардида, барои таъмини беш аз 115 ҳазор хоҷагӣ бо нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.

Айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ идома дошта, ҷиҳати сари вақт ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рушди соҳаи энергетика ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқи босифат, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба корҳои сохтмонӣ мутобиқи нақша идома дорад. Дар ин раванд беш аз 350 мутахассис ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот ҷалб шудаанд.

Дар шароити имрӯза, ки таъсири тағйирёбии иқлим бештар эҳсос мешавад, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти хосса касб мекунад. Бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ қадами муҳим дар самти рушди «энергияи сабз», коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳои стратегӣ на танҳо ба афзоиши иқтидори истеҳсолии энергетикии кишвар мусоидат мекунад, балки барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо нерӯи барқ заминаи мусоид фароҳам меорад

Leave a comment