Skip to content Skip to footer

«Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ» — таҳти чунин унвон Дар ноҳияи Балҷувон чорабиниии фарҳангӣ баргузор гардид

Чорабинии мазкур ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Балҷувон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгон, таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии миллат миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои муҳими фарҳангиву маърифатӣ дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти махсус касб менамояд.

Ноҳияи Балҷувон ҳамчун яке аз минтақаҳои таърихиву сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин як чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ муҳити мусоид фароҳам оварда, бо табиати зебо, фазои идона ва анъанаҳои ғании мардумӣ таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Дар доираи барномаи ҷашнӣ бахшҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ роҳандозӣ гардида, расму ойинҳои қадимаи наврӯзӣ, маросимҳои анъанавӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ба таври густурда муаррифӣ шуданд.
Ҳамзамон, ҳунармандони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъол маҳсули ҳунару истеъдоди худро, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастӣ ва таомҳои миллиро ба маърази тамошо гузошта, бо ин васила ҷозибаи фарҳангии минтақа ва ҳунари волои мардуми онро муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин, бо иштироки ҳунармандони шинохта ва гурӯҳҳои эҷодӣ барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати бештар бахшиданд.