Бемории сил яке аз бемориҳои сироятии хатарнок ба ҳисоб рафта, бештар шуши инсонро осеб мерасонад. Ин беморӣ тавассути қатраҳои ҳавоӣ аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад. Аз ин рӯ, пешгирии он яке аз масъалаҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади пешгирии бемории сил, пеш аз ҳама, баланд…
Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва пайвасти кӯчаи Саъдии Шерозӣ бунёд хоҳад шуд.
Боғ аз майдони пазироии меҳмонон ва сокинон оғоз мегардад. Дарвозаи даромадгоҳи боғ аз самти ҷануб бо баландиву ҳашамати хос, дар услуби меъмории миллӣ, бо сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу…
Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ пазироӣ гардидааст.
Ин иқдоми муҳим барои густариши корҳои созандагӣ, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам…
Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти унвони «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» шоми фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро тарроҳони боистеъдоди тоҷик бо намоиши коллексияҳои «Чакан», «Нури Бадахшон» ва «Навои Хуросон», ки тараннумгари ҳунару маҳорати баланди мероси…
Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба 148-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, адиб, нависанда, академик ва аввалин Предиденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Садриддин Айнӣ дар оинаи таърих» бо иштироки аҳли илму адаби кишвар баргузор шуд.
Дар чорабинӣ забоншиносону адабиётшиносон доир ба хидматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ…
Пешгирии бемории фарбеҳшавӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити имрӯза таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд. Фарбеҳшавӣ на танҳо намуди зоҳирии инсонро тағйир медиҳад, балки метавонад сабаби пайдоиши як қатор бемориҳои хатарнок, аз ҷумла диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳо, фишорбаландӣ ва мушкилоти буғумҳо гардад.
Коршиносон бар онанд, ки сабаби асосии фарбеҳшавӣ…
Дар шаҳри Панҷакент, дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву фарҳангӣ идома дорад. Яке аз чунин иншоот Маркази оши палов, рамзи таоми миллии тоҷикон ва ҷузъи фарҳанги ғайримоддии ба ЮНЕСКО воридгардида мебошад.
Бинои нави Маркази оши палов бо тарҳу навои миллӣ сохта шуда,…
Шаҳри Душанбе аз 14-ум то 18-уми апрели соли 2026 мизбони яке аз ҳамоишҳои сатҳи баланд, Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад. Форуми мазкур дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷуимҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҷиҳати омодагӣ ба ин ҳамоиши бузург ва дар сатҳи баланд…
Имрӯз, 04.04.2026 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши бадеӣ таҳти унвони «Чил калид» баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти омӯзгории Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов бахшида шуда, бо иштироки васеи аҳли илму фарҳанг, санъатшиносон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дӯстдорони…
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони телевизиону радиоҳо ва дигар зерсохторҳои Кумита иштирок намуда, дастархони идона, иборат аз ҳафт син ва ҳафт шин оростанд ва бо як шодию нишот ва эҳсоси гарм ҷашни аҷдодиямон Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуданд.
…
Рӯзи даъватшаванда дар маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ аз майдони марказӣ то Чорбоғи шаҳр бо оҳанги шодиву нишот огоз гардид. Дар роҳпаймоӣ ва маросими сафарбаркунии ҷавонписарони шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони меҳнат, волидайни аскарбачаҳои худихтиёрӣ бо шиору овезаҳои тараннумкунандаи ормонҳои аҷдодӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои волои инсонӣ иштирок карданд.
Зимни суханронӣ раиси вилоят ин нуктаро…
1 апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи назаррас оғоз гардид. Тибқи иттилои масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ, нақшаи даъват дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуда, ҷавонони зиёде бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Зикр бояд, ки чунин нишондиҳандаи баланд бори…

