Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд — чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз гардид, ки дар он дар он зиёда аз 500 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз 9 мамлакат ва 25 минтақаи ҷаҳон иштирок доранд.
Ҳадафи форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва…
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», Саммити байналмилалии ректорон таҳти унвони «Донишгоҳҳои оянда: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ва чорабинии бошукӯҳи Наврӯзӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози қисмати расмӣ, меҳмонон дар барномаи фарҳангии Наврӯзӣ ва намоиши анъанаҳои миллӣ иштирок…
Бо фаро расидани фасли баҳор, имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам васеъ гардида, сайёҳии кӯҳнавардӣ ҳамчун яке аз самтҳои ҷолибу серталаб таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунад.
Манзараҳои нотакрори кӯҳсор, ҳавои мусоид ва гуногунрангии табиати кишвар барои рушди ин навъи сайёҳӣ шароити мувофиқ фароҳам меоранд. Тоҷикистон, ки…
Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, шарикони хориҷӣ ва меҳмонони байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вазири рушди…
Сайёҳии экологӣ (экотуризм) яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди устувори ҷомеа равона шудааст. Имрӯз, дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани таъсири инсон ба табиат, аҳамияти экотуризм боз ҳам бештар мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нодиру зебои худ…
Бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, эҳё ва муаррифии фарҳангу ҳунари халқи тоҷик ҳамасола дар саросари кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Дар ин замина, баргузории фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими гиромидошти арзишҳои…
Марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши ҳалкунанда ва муассир доранд. Дар Тоҷикистон низ шаҳри Душанбе аз ҷумлаи шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳӣ барои гардишгарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пойтахт тавонистааст, ки дар баробари раванди ободониву бунёди иншооти замонавӣ, нишонаҳои таърихӣ ва фарҳангии худро низ ҳифз намояд.
…
10 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи муҳташами “Аммар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Меҳмонхона дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.
Кишвари Коста-Рика ин ҳафта пас аз он ки дар нахустин маросими ҷоизасупории Forbes Travel Awards - 2026 дар бахши «Беҳтарин макони табиат» эътироф гардид, соҳиби ҷоизаи байналмилалии сайёҳӣ шуд. Ин ҷоиза дар шаҳри Мадрид зимни нахустин маросими супоридани ҷоизаҳои Forbes Travel Awards тақдим гардид. Эътирофи мазкур аз…
Дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо шукуҳи хос баргузор гардид, ки дар он кадбонуҳои моҳир аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Тибқи шартҳои озмун, дастурхонҳои рангини идона ороста шуданд, ки дар онҳо намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, нонҳои танӯрӣ,…
Дар доираи тадбирҳои бунёдкорона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳ ба самти бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ бештар гардида, барои рушди ин соҳа имкониятҳои мусоид ва созгор фароҳам оварда истодааст. Дар ин замина, дар ноҳияи Мастчоҳ як қатор иншоот бо тарҳи муосир, ҷавобгӯ…
Дар маркази шаҳри Панҷакент, дар Чойхонаи “Сайёҳат”, бо ташаббуси бонуи ҳунарманд Хайринисо Ғаниева маркази ҳунармандӣ таъсис дода шудааст. Имрӯз ин марказ ба яке аз ҷойҳои муҳим барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон таъмин намудани бонувони бешуғл бо ҷойи кор табдил ёфтааст. Марказ…

