14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд.
Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад.
Дар хоҷагии деҳқонии боғи Сомон 10 навъи…
14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар…
14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфта, барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш…
14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи…
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Жасмина Ятимзода ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд.
Иттилоъ…
Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем. Чунин иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам…
Бино ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» 578 нафар довталабон иштирок хоҳанд кард, ки 260 нафарашон аз 12 то 17-сола ва 318 нафар аз 18 то 35- сола мебошанд.
Даври дуюми озмун аз 22 то 30 июн доир гардида, дар он 2677 довталаб иштирок…
12 август дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.…
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР
аз 11 августи соли 2026 №545 ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Вализода И.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ…
11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар…
11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ…
11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.
Дар муассиса 200 кӯдак ба…

