Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

TV Sayohi

870 articles published

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар ноҳияи Файзобод

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида,…

Read More

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»

Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»! Роҳбарону фаъолони шаҳри Роғун! Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат – неругоҳи барқи обии «Роғун» таҷлил менамоянд, баргузор мегардад. Ҳамаи шуморо ба ифтихори ин санаи мубораки…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд.

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии 39 боздид намуданд. Нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳимми Неругоҳи Роғун буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисмати поёнии маҷмааи неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии неругоҳ пешбинӣ…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд

 Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд. Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж боздид намуданд. Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб, мавҷуд мебошад. Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда…

Read More

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар кӯчаи ба номи Олим Карими шаҳраки Оби Гарм бинои нави ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи асри 21 мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав дар шаҳраки Оби Гарм…

Read More

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст. Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори…

Read More

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд

 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун…

Read More

Таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди…

Read More

18 август — Рӯзи кормандони соҳаи тиб: Тандурустӣ — заминаи рушди сайёҳии солимгардонӣ

18 август — Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои муҳимест, ки нақши табибону кормандони соҳаи тандурустиро дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳбуди сифати зиндагии ҷомеа бозгӯ мекунад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии кишвар ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушди муассисаҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир,…

Read More

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд

22-23 август бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 22 август дар Боғи кӯдакон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои  Ишкошиму Мурғоб, дар «Боғи Ирам» рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ ва…

Read More